Як модари 3 фарзанд дар деҳаи Сомонӣ-3-и ҷамоати деҳоти “Намуна”-и ноҳияи Панҷ, бо роҳи овехтани худ, даст ба худкушӣ задааст. Табибе, ки ҷасадро дар беморхонаи марказии ноҳия муоина кардааст, дар ноҳияи гардан осори марги маҷбуриро мушоҳида кардааст.

Ҷасади Сайёра Назироваи 28-сола соати 01:30-и шаби гузашта тавассути мошини Ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ расонда шудааст. Табиби беморхонаи мазкур Сайфиддин Сироҷов дар як тамос ба “Фараж” гуфт, ба мақомоти милиса хабар доданд ва ҳангоми муоина дар қисмати гардани ҷасад пайи сурхшудаи банд намоён будааст.

– Мутахассисони ташхисгар шабона аз маркази вилояти Хатлон даъват карда шуданд ва сабабу ҳолатҳои баъдии ҳодисаро онҳо муайян мекунанд, – гуфт С.Сироҷов.

Новобаста ба талошҳо, барои огоҳии бештар аз ҳодиса, бо наздикони марҳум алоқаи телефонӣ барқарор карда натавонистем.

Раиси ҷамоати деҳоти “Намуна”-и ноҳияи Панҷ Ҷумъахон Алламуродов гуфт, деҳаи “Сомонӣ-3” аз маркази ҷамоат хеле дур, дар масофаи 20 километр, ҷойгир аст.

-Аз рӯи шунидам, шавҳараш дар Русия будааст. Зан бо кӯдаконаш дар манзили модараш зиндагӣ доштааст ва, ба гуфтаи хешонаш, вазъи саломатиаш хуб набудааст, – гуфт Ҷ. Алламуродов.

Нозири минтақавии милиса Ҳусниддин Файзуллозода, ки ҳодиса дар ҳудуди минтақаи назоратии ӯ ба вуқуъ пайвастааст, дар як тамоси телефонӣ рух додани ҳодисаро тасдиқ кард, аммо гуфт, ҳануз ба маҳаллӣ ҳодиса нарафтааст. “Дар маҷлис будам. Алҳол дар роҳ ба сӯи ноҳияи Панҷам”, – гуфт Ҳ. Файзуллозода, аммо бо гузашти беш аз ду соат ба зангҳои пай дар пайи мо дигар ҷавоб надод.

Ҳодисаро пайгирӣ мекунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь