Суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ду нафар сокини ноҳияро, ки дар латукӯби як нозири барқ гунаҳкор дониста мешуданд, шартан як сол аз озодӣ маҳрум ва ба пардохти 12 800 сомонӣ зарар ба саломатӣ ҳукм кардааст. Айбдоркунандаи давлатӣ ба судшавандаҳо Ғиёсов Илҳомиддин ва Назармадов Наврӯз 2 солу 6 моҳӣ маҳрумият аз озодиро талаб кардааст.
Саидумрон Ғиёсов, амаки Илҳомиддин Ғиёсов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, мурофиа рӯзи 6-уми феврал дар суди ноҳияи Панҷ оғоз шуд.
– Ҷабрдида Қосим Сатторов дар мурофиаи аввали судӣ иштирок дошт, аммо ба мурофиаи навбатӣ наомад. Парвандаро раиси суди ноҳияи Панҷ Бахтиёр Абдураҳмонзода баррасӣ карда, судшавандаҳоро як солӣ шартан аз озодӣ маҳрум ба ҷуброни зарари ҷисмонӣ ба ҳаҷми 6400 сомонӣ (ба ҳар як нафар) муваззаф кард, – гуфт Ғиёсов С.
Назари собиқ нозири барқи латукӯбшуда Сатторов Қ. ба ҳукми суд маълум нест. Ӯ ба зангҳои мо ҷавоб надод.
Ёдовар мешавем, ки латукӯби нозири барқи ноҳияи Панҷ Қосим Сатторов рӯзи 6-уми январ, ба гуфтаи сокини маҳаллӣ Ғиёсов С., дар пайи дағалгуфторӣ ва талаби маблағи зиёдатӣ барои барқ аз ҷониби назоратчӣ рух додааст.
– Нисфирӯзии 16-уми январ нозири барқ Ёсин (дар маҳалла Қосим Сатторовро бо ин ном мешиносанд) барои гирифтани пули барқ омад. Қаблтар аз ин як расид ё чек бо ному насаби нафари дигар ба ман дода будааст. Азбаски он рӯз айнакам ҳамроҳам набуд, баъдтар чекро дида, инро фаҳмидам. Вақте ман рӯзи омаданаш ин хатояшро гуфтам, ӯ ба ғазаб омада, гуфт, ки чунин расид чи қадаре хоҳӣ, навишта медиҳам. Пурсидам, ки боз чаро омадӣ, охир маблағи барқро пешпардохт гирифта будӣ-ку? Гуфтамаш, ки дар як моҳ як маротиба биё, барои чӣ зуд-зуд меоӣ, дар ин замона пул ёфтан осон нест, илова бар ин дар хона бемори рӯҳӣ дорам, барои вай дору гирифтан лозим. Вақте баҳсамон зиёд шуд, бародарам, ки меҳмонам буд ва наздик ба 70 сол дорад, ба берун баромад. Баъд аз фаҳмидани қазия, ӯ ҳам ба нозир гуфт, ки “маблағро пешпардохт гирифтаӣ, чаро боз омадӣ?” Ғазаби назоратчӣ бештар шуду сими барқро аз ҳисобкунак ҷудо карда, гуфт, ки “акнун 2000 сомонӣ ҷарима месупорӣ!”. Ӯ сертификат надоштани ҳисобкунакро баҳона кард, дар ҳоле, ки ҳама ҳуҷҷатро дорем. Пас аз ин, бародарам ҳуҷҷате, ки корманди барқ буданашро тасдиқ мекунад, пурсид, аммо вай ягон ҳуҷҷат нишон надод. Бародарам ба ӯ гуфт, ки “Агар ҳуҷҷат надошта бошӣ, баромада рав!”. Аммо нозири барқ якравӣ карда, бо мақсади задан чанд маротиба ба тарафи мӯйсафеди бародарам ҳамла кард. Ман ӯро дошта, нагузоштам, ки кор ба занозанӣ расад. Ёсин бародарамро дашному ҳақоратҳои қабеҳ кард ва баъди ин ба касе занг заду суроғаи хонаи моро дод. Гуфт, “биёед, ҷарима мекунем”. Баъд бародарам рафту нозир ба ивази ҷарима накардан аз ман 800 сомонӣ талаб кард. Гуфт: “агар 800 сомонӣ надиҳӣ, омада 2000 сомонӣ ҷаримаат мекунем”. Ман розӣ нашудам, ӯ баромада рафт,- лаҳзаи ҷанҷолу дағалрафтории нозири барқ Қосим Сатторовро ба ёд оварда гуфт Саидумрон Ғиёсов.
Мақомоти тафтишотӣ нисбат ба гумонбарон дар латукӯби нозири барқ-сокинони ноҳияи Панҷ Ғиёсов Илҳомиддин Ҷамолиддинович ва Назармадов Наврӯз Иззатуллоевич, тибқи моддаи 111 қисми 2 (Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ) Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда буданд. Дар пайи латукӯби нозири барқ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Қосим Сатторов сардорони шабакаи барқ ва шуъбаи фурӯши барқи ноҳияи мазкур аз вазифа сабукдӯш карда шуда, ба вазифаи сардори нави идораи барқи ноҳияи Панҷ Файзалӣ Шералӣ ва ба сардории шуъбаи фурӯши барқ Зоҳиршо Нурзод таъйин гардид.