Дар натиҷаи таркиши зарфи гази моеъ дар бозори ноҳияи Панҷ беш аз 20 нафар осеб бардоштанд. Зарардидагонро бо ҷароҳатҳои сӯхтаи бадан ба Беморхонаи марказии ноҳия расонидаанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар як дӯкони пирожкипазии дохили бозор рух додааст. Шоҳидони ҳол дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки ҳодиса наздикиҳои нисфирӯзии 20-уми май ба вуқуъ пайвастааст.

Сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Маҳмадӣ Самиев ба ҷои он ки нисбат ба вазъи саломатии зарардидагони ҳодиса ба намояндаи ВАО маълумот пешниҳод кунад, чун ҳамеша, пас аз муаррифӣ ва пешниҳоди суол телефонро қатъ кард ва ба зангҳои пай дар пай ҷавоб надод.

Як манбаъ аз шуъбаи қабули Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ иттилоъ дод, ки феълан 20 нафар  бо ҷароҳатҳои сӯхтаи дасту рӯй бистарӣ карда шудаанд. Вазъи саломатии онҳо вазнини миёна арзёбӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳол теъдоди ҷабрдидагонро наздики чил нафар мегӯянд.

Таркиши зарфи гази моеъ замоне рух додааст, ки чанд нафар дар дохили ошхона тановул мекардаанд ва роҳгузарон аз шафати дӯкон мегузаштаанд.

Маълум нест, ки ин таркиш фавти одамонро дар пай дошт, ё на.

Ҳодисаро пайгирӣ мекунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь