Як ҷавони тахминан 30-солаи сокини ноҳияи Панҷ бо гумони оташ задани бозори марказии ноҳия боздошт шудааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ин ҷавон пас аз ҷанҷоли оилавӣ, дар заминаи рашк даст ба ин ҷиноят задааст.
Бино ба гуфтаи Раҷаб ном як ҷавони сокини шаҳраки Панҷ, ки дар бозори марказӣ ба тиҷорати мева машғул аст, оташсӯзӣ тахминан соатҳои 20 ба 21-и шаби гузашта рух додааст.
– Вақте ки овозаи сӯхторро шунидам, зуд ба макони ҳодиса худамро расондам. Сӯхтор дар мағозаҳои пластикии аввали бозор буд, ки он аз нуқтаи савдои ман дуртар аст. Дар натиҷаи ин ҳодиса қариб 10 мағозаи либосу хӯрокворӣ пурра ба коми оташ рафт, – гуфт шоҳид.
Тибқи маълумоти расида, ин ҷавон, ки номаш Азим гуфта мешавад, пас аз баргаштан аз муҳоҷират ҳамсарашро, ки дар бозор дӯкони савдо доштааст, ба хиёнат гумонбар дониста, шаби гузашта дӯконашро оташ задааст. Ҳамин тавр, дар оташсӯзӣ 9 дӯкони дигар, ки дар шафату атроф қарор доштаанд, оташ гирифтаанд.
Айни замон ҷавон дар боздошт қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса мақомоти милиса ва прокуратураи ноҳия санҷиш мегузаронанд. Дар ШКД-и ноҳияи Панҷ дар мавриди ин ҳодиса нахостанд суҳбат кунанд.