Дар ҳукумати шаҳри Панҷакент натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳру деҳоти ин шаҳрро дар соли 2017 ҷамъбаст карданд.

Тибқи ҳисоботи муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодизода, дар соли 2017 аз 12 намуди сарчашмаҳои андоз иҷроиши 11 намуди он таъмин гардидааст. Аз ҳисоби таъмин нашудани иҷрои нақшаи андоз аз даромади шахсони воқеъ ба буҷет 1 миллиону 102 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Чун ҳамешагӣ нақши итеҳсоли корхонаи муштараки «Зарафшон» барои пур кардани буҷет ва истеҳсоли маҳсулоти саноатии Панҷакент дар соли 2017 ҳам назаррас будааст.

– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2017 ба 1 миллиарду  470 миллиону 465 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки баробари 121,3 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Ҳарчанд, нишондиҳандаҳои соҳаи саноатии шаҳр бо сабаби фаъолияти ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки ҳаҷми бузурги истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба дӯш дорад, дар маҷмӯъ хуб аст,  – гуфт Парвиз Шодизода.

Аммо бо ин вуҷуд аз рӯи нишондодҳои ҷамъбасти 7 намуди маҳсулоти саноатӣ нисбати соли 2016 кам шудааст.

Дар ҳоле, ки тибқи маълумоти кормандони КМ “Зарафшон” имрӯз ин корхона пурра аз фаъолият мондааст, ба раванди таъмини буҷет ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Хуршед Фозилов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь