Моҳи феврали соли равон дар хонаи истиқоматии сокини Дашти Қозии шаҳри Панҷакент Ҷабборов Шоир сӯхтор ба амал омад, ки аз ҷониби кормандони басти навбатдории қисми 38-уми Хадамоти оташнишонии шаҳри Панҷакент сари вақт хомӯш гардонида шуд.

4-уми феврали соли равон дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҷабборов Шоир Ғаффорович, соли таввалудаш 01.01.1970, оиладор, соҳиби 4 нафар фарзанд, сокини деҳаи Дашти Қозӣ, ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сӯхтор ба амал омадааст.

Сержанти хурди хизмати дохилӣ Обидзода Фарзона бо як басти навбатдори қисми 38-уми Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Панҷакент бо сардори майори хизмати дохилӣ Аминзода Б. ва муҳандиси калони ГНДБС капитани хизмати дохили Бахтиёрзода У., ҳайати басти навбатдори қисми мазкур старшинаи хизмати дохилӣ Отабоев Зоир, оташнишони калон, сержанти хизмати дохилӣ Мирзобошиев Нуриддин, инчунин, оташнишон, сержанти калони хизмати дохилӣ Умаров Рӯзимбек, ронандаи басти навбатдорӣ, старшинаи хизмати дохилӣ Абдулхайров Баёнқул сафарбар карда шудаанд. Гурӯҳ дар муддати кӯтоҳ ба ҷойи ҳодиса ҳозир гашта бо маҳорати касбии баланд, сӯхторро сари вақт хомӯш кардаанд, ки дар натиҷа паҳншавии сӯхтор ба биноҳои ҳамсоя пешгирӣ карда шуд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь