Сокинони ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ,  деҳаи Заврони шаҳри Панҷакент аз он шикоят доранд, ки заминҳои аз тарафи ҳукумати шаҳр, ки соли 2010  барои сохтани манзили истиқоматӣ ба  250 хоҷагӣ тақсим шудаанд, дар дами сел воқеанд.

Ҳар сол барои соҳилмустаҳкамкунӣ ва зарардидагон аз офати табиӣ аз тарафи ҳукумати ҶТ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ маблағ, инчунин, ба зарардидагони офтати табиӣ заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Як сокини деҳаи Заврон, ки нахост номаш ифшо шавад ба мо хабар дод, ки «заминҳои аз тарафи ҳукумати шаҳри Панҷакент соли 2010 барои сохтани манзили истиқоматӣ ба 250 нафар хоҷагӣ додашуда дар селроҳа қарор доранд».

Мо, сокинони деҳаи номбурда, ки муддати 7 сол мешавад дар заминҳои ҷудо кардаи ҳукумати шаҳр хонаҳои истиқоматӣ месозем, ҳангоми боду борон ва хатари сел ҳамеша дар ҳарос ҳастем. Кормандони ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ҳамасола гӯё бо супориши ҳукумати шаҳр барои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳар як сокини маҳалла ба маблағи 100 сомонӣ пул талаб мекунанд, вале то  ҳанӯз хатари сел бартараф карда нашудааст. Инчунин, соҳибкорон аз ҳар гӯшаву канори ноҳия ҳамарӯза бо экскватору булдозерҳо сангу қуму шағали ин мавзеъро барои манфиати худашон мебаранд, ки ин ҳам зарарест барои пешгирии роҳи сел. Аз рӯи нақша дар мавзеи номбурда барои бартараф намудани хатари сел бояд дамба сохта мешуд. Кандану бурдани сангу қуми ин мавзеъ боиси он мегардад, ки фардо, вақте дар ҳақиқат барои мустаҳкам кардани соҳил корҳо оғоз мегарданд, мушкилии зиёд пеш меояд, – гуфт ин нафар.

Сокинин дигари мавзеи номбурда мегӯяд, ки «дар маҳаллаи мазкур ҷойҳои зиёде вуҷуд доранд, ки ҳам аз ҷиҳати экологӣ, ҳам аз ҷиҳати бехатарӣ барои сохтани манзили истиқоматӣ хубтару беҳтар мебошанд»

Намедонем, чаро намояндагони ҳукумат дар вақти тақсими замин маҳз ҳамин ҷоро интихоб кардаанд. Мо мефаҳмем, ки ин ҷо хатарнок аст, аммо аз камбудии замини наздиҳавлигӣ  маҷбурем ин ҷо биноҳои истиқоматӣ бунёд кунем. Худое накарда, сел ояду ҳама буду шуди моро барад, талафоташро кӣ медиҳад? Ё масъулини ҳукумати шаҳр интизоранд, ки кай сел ояду хонаҳои мардумро вайрон кунаду баъд онҳо аз хоб бедор мешаванд?! – ҳайраташро иброз мекунад ин ҳамсуҳбати мо.

Бештари сокинони  ин ҷо заминдошта, аз тарсу нобоварӣ  сохтмони хонаашонро оғоз накардаву ба умеди он нишастаанд, ки шояд ҳукумати шаҳр, меъмору заминшинос ва кумитаи ҳолатҳои фавқулода масъулияти дар наздашон бударо ҳис мекунанду рузе ба онҳо хабари амн будани минтақаро медиҳанд ва мардум аз ҳараҷу мараҷ раҳо мешаванд.

Бибиҷон Ашӯрова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь