Дар деҳаи Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ паланги барфӣ ба оғили як сокини деҳа ҳамла намуда, 6 сар чорвои хурдро нобуд кардааст. Дар ин бора маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар иттилоъ медиҳад.

Ин ҳодиса рӯзи сеюми марти соли 2022, тақрибан соати 1:30, рух додааст. Паланги барфӣ ба оғил дохил шуда, ба ҳайвоноти хонагӣ ҳамла кардааст.

“Сокинони деҳа дар ҳамдастӣ бо кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Роштқалъа, Раёсати кумитаи ҳифзи муҳити зисти ВМКБ ва ШВКД-и ноҳия ин даррандаро ба қафас гирифтанд. Баъдан онро аз маҳалли зисти мардум дур бурда ва аз қафас озод кардаанд”, – менависад маркази матбуотии КҲФ.

Ёдрас мешавем, ки дар давоми як ҳафтаи охир ин бори дуюм мешавад, ки паланги барфӣ ба оғили сокинони Роштқалъа ворид гардида, ба чорвои хонагӣ ҳуҷум мекунад.

Қаблан, субҳи 23-юми феврали соли равон, тақрибан соати 7:30, паланги барфӣ ба оғили як сокини ҷамоати Барвози ноҳия ҳамла карда, 20 сар чорво хурди соҳибхонаро нобуд ва як сар чорвои калони шохдорро захмӣ карда буд.

Ҳарду ҳодиса дар фосилаи каме бештар аз як ҳафта дар ҳудуди як ҷамоат ва дар макони наздик ба ҳам ба қайд гирифта шудаанд. Маркази матбуотии КҲФ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҳарду ҳамларо як паланг анҷом додааст, ки дар ин қаламрав зиндагӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки паланги барфӣ дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё ҳаёт ба сар мебарад. Ин паланг (номи илмиаш Panthera uncia) як намуд аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд мебошад. Дар ҳамаи он кишварҳое, ки ин намуди паланг сукунат мекунад, ҳамчун ҳайвони дар ҳоли нобудиву азбайнравӣ қарордошта ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь