Рӯзи 24 майи соли 2024 ду сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, падари 55-сола ва писари 30-сола бо мақсади тоза кардани қубури канализатсия, ки дар наздикии бозори «Фаровон» ҷойгир шудааст, ба чоҳ поин шуданд, ки на дастгоҳи полоиши ҳаво ва на айнак доштанд.

Аввал  падар ба чоҳ поин шудасту писар дар берун мунтазир монд, аммо дар баробари расидан ба умқ падар аз бӯи гази метани хориҷшуда аз ҳуш рафтааст. Чун аз падар садое нашудааст, писар хостааст, ӯро берун орад, вале аз бӯи газ ба чоҳ уфтодааст. Дар натиҷа бар асари заҳролуд шудан аз гази заҳрдор падару писар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон барои анҷоми амалиёти наҷот ба ҷои ҳодиса расиданд ва ҷасади падару писарро аз чоҳи олуда ба газ берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь