Даъвогар падари ҷавони фавтида Маҳмадсаид Бобоҷонов аз прокуратура хостааст, ки ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ барои марги писараш Умар Бобоҷонов ситонида шавад. Дар ин бора “Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон” иттилоъ медиҳад.  

5-уми декабри соли 2017, соати 10:00 дар Суди ноҳияи Сино аз рӯи даъво оид ба ҷуброни зарараи маънавӣ барои тафтиши ғайрисамараноки парвандаи ҷиноятии марбут ба марги Умар Бобоҷонови 23-сола мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Ин аризаи даъвогӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтиши ғайри самаранок дар таҷрибаи судии ҷумҳурӣ аввалин аст. Адвокатии ин қазияро Гулчеҳра Холматова ба уҳда дорад.  

Ёдовар мешавем, ки санаи 29-уми августи соли 2015 сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов аз ҷониби кормандони милитсияи Ваҳдат латукӯб шуда, ҳанӯз ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр дар беморхона вафот кард. Аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 тибқи моддаи 110, қисми 1 (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пӯшидаи мағзи сар бо хунрезиҳо дар қисмати бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар гуфта шуд.

Баъдтар, санаи 5-уми сентябри соли 2015, парванда ба қисми 3-и моддаи 110 (расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст)-и КҶ ҶТ гузаронида шуд. Аз он замон Прокуратураи шаҳри Ваҳдат ду маротиба бо сабаби маълум нашудани шахсоне, ки бояд ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд, парвандаро боздошт.

Акс аз АП

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь