Як хонавода дар Афғонистон чор духтарашро ба далели фақр ба 42 ҳазор афғонӣ фурӯхтааст. Марди ин оила мегӯяд, дигар имкони таъмини хонаводаи панҷнафараро надошта, аз ин рӯ кӯдакони навзодро низ, аз тангдастӣ, ба фурӯш баровардааст.
“8-и субҳ»-и Кобул менависад, Ҷумъа, сокини вилояти Сари Пул аст. Ӯ тақрибан шастсола аст ва бо зану се фарзандаш дар як ҳуҷраи торик зиндагӣ мекунад. Вай ба далели фақру гуруснагӣ тадриҷан чаҳор тифли худро, ки ҳамаашон духтар буданд, фурӯхтааст.
Ҷумъа мегӯяд, дар чор соли охир ҳамсараш ҳар боре, ки фарзанд таваллуд кард, дар давоми даҳ рӯз ӯро ба як пули ночиз мефурӯхт ва бо пулаш орду равған мехарид.
– Як духтарамро ба 11 ҳазор афғонӣ фурӯхтам. Дигарашро ба 12 ҳазор. Ҳамсарам бо ин вазъ ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуд ва ҳоло аз хона баромадаву гоҳо гум мешавад. Ӯро табобат карданам лозим, аммо маблағ надорам, кор надорам, – гуфтааст Ҷумъа.
Ҳарчанд зани Ҷумъа бо касе ҳарф намезанад, вале бо шунидани хабари фарзандонаш аз чашмонаш ашк мерезад.
Аз замони суқути Афғонистон ба дасти Толибон расонаҳои ин кишвар дар бораи қочоқи кӯдакон зиёд гузориш додаанд. Аз он вақт инҷониб, камбизоатӣ ва бекорӣ низ дар ин кишвар ба дараҷаи бесобиқа паҳн шудааст. Созмонҳои байналмилалӣ ҳамзамон аз вазъи кунунии Афғонистон нигаронии амиқ доранд ва барои бартараф кардани ин вазъ ҳар замон кӯмакҳои башардӯстона мефиристанд.