Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар бораи таҳти озор ва азияти маънавию ҷисмонӣ қарор гирифтани шаҳрвандони тоҷик, аз ҷумла дипломатҳо, дар Қирғизистон, изҳорот нашр кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки 14 сентябри соли 2022 мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон нуқтаҳои тиҷоратии тоҷикони муқими ин минтақаро бастанд. Шаҳрвандони Қирғизистонро, ки аз манотиқи наздимарзӣ эвакуатсия шудаанд, ҳадафмандона дар манзилҳои тоҷикони ноҳияи Қадамҷой ҷойгир карданд.

18 сентябри соли 2022 кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи санҷиши нақшавии ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои оилаи Неъматовҳо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, бо максад аз Қирғизистон маҷбуран берун кардани онҳо гирифтанд.

18-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби шахсони номаълум шишаҳои тирезаи автомашинаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ҳадамов, ки муваққатан дар шаҳри Бишкек истиқомат мекунад шикаста, худи мошин рангубор карда шудааст.

18 сентябри соли 2022 дар вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон Насибахон Давронбекова, хабарнигори тоҷиктабори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, аз сӯи афроди ношинос ба далели адовати миллӣ, латукӯб шудааст.

19 сентябри соли 2022 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Алиевро кормандони милитсияи Қирғизистон бе шарҳу эзоҳ дар манзилаш дастгир карда, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бурдаанд. Дар ҷараёни бозпурсӣ, ки 9 соат идома кард, нисбаташ хушунати физикӣ кардаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон пас аз тамаъҷӯӣ ба маблағи 15 000 соми қирғизӣ озод шудааст. Шиносномаи модари Алиев дар ихтиёри маъмурони полиси Қирғизистон боқӣ мондааст.

Рӯзи 19 сентябри соли 2022 чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекарданд, пас аз бозпурсӣ бо шеваи фишори маънавӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тавассути гузаргоҳи “Оқ Жол – Кордай” дар марзи Қирғизистону Қазоқистон, иҷборан ихроҷ шуданд. Бино ба гузоришҳо, мақомоти интизомии Қирғизистон қасд доранд беш аз 500 донишҷӯ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар макотиби олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Фишор ва таҳдидҳо алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қирғизистон кор мекунанд, ба хотири маҷбур кардани онҳо ба интиқоли маблағ “барои кумак ба осебдидагони Бодканд” идома дорад.

Боиси нигаронии шадид аст, ки шоми 18 сентябри соли 2022 шахси ношинос, эҳтимолан 35-сола, бо садои таҳдид ва суханони қабеҳ алайҳи Тоҷикистон талош кардааст, ба дари қароргоҳи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ворид шавад.

Чунин табъиз нисбати тоҷикон аз рӯи мансубияти этникӣ дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 20-уми сентябр бардурӯғ иддао мекунад, ки «баёнияи паҳнкардаи ҷониби Тоҷикистон ҳақиқат надорад ва бо ягон далел тасдиқ нашудааст».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь