Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар шаҳри Бохтар тавассути лоиҳаи «Модари солим, кӯдаки солим» озмуни “Момодояи беҳтарин”-ро гузаронд.

Озмун миёни 12 ноҳияи таҷрибавии  Ҷалолиддини Балхӣ,  Дӯстӣ, Ҷайҳун,  Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Ёвон роҳандозӣ карда шуд.

Ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон барои коҳиш додани фавти модарону кӯдакон ва камғизоӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ мешавад.

Лоиҳаи USAID «Модари солим, кӯдаки солим» бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳо, расонидани кумаки саривақтӣ ба занҳои ҳомила ва кӯдакони навзод ва дар умум  барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ роҳандозӣ мегардад. Баргузории озмуни “Момодояи беҳтарин” низ ба ҳамин мақсад аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь