Ғолибони озмуни “Беҳтарин инъикосгари масоили ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон” эълон гардиданд.   

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун дар тарабхонаи “Panorama” бо ташаббуси ташкилкунандагони ин озмун, Намояндагии институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон (IWPR) ва бо сармоягузории сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

Дар озмун Маъсуми Муҳаммадраҷаб хабарнигори Радиои “Озодӣ” ва Саодат Исмоилӣ сухангӯи маркази матбуотии ҳукумати ноҳияи Ашт сазовори ҷойи аввал ва гардиданд. Ҷойи дуюм ба хабарнигорони тоҷик аз вилояти Хатлон, Сайраҳмон Назриев ва Зокир Ҳасан насиб гардида, ҷойи сеюм сазовори хабарнигори ҳафтаномаи “Фараж” Фарзонаи Умаралӣ гардид.

Ба ғолибони озмун барои ҷойи аввал 500, барои ҷойи дуюм 400 ва барои ҷойи сеюм 300 доллари амрикоӣ тақдим гардид.   

Ба гуфтаи директори минтақавии “Намояндагии институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Абахан Султоназаров дар оянда озмуни мазкур боз ҳам дар доираи васеътар сурат мегирад ва доираи журналистони зиёд ҷалб карда мешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин лоиҳа мубориза бар зидди терроризм аст ва он бо муваффақият анҷом ёфт. “Гарчанде лоиҳаи мазкур дар гузашта ба мушкилиҳо дучор шуд ва ҳатто чунин хавф ҳам буд, ки ин лоиҳаро бояд мебастем, вале бо шарофати шарикон, мақомотҳои қудратӣ, ВАО мо тавонистем, ки онро нигоҳ дорем. Имрӯз мақомотҳои қудратӣ, ки бо мо ҳамкории зич доранд, аз ин лоиҳа розӣ буда, хоҳиши идома додани онро доранд”,-мегӯяд. Абахон Султонназаров.

Ҳамзамон, ҷоизаҳои махсуси Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ барои касбияти журналистӣ, барои беҳтарин инъикосгари мавзӯи ифротгароӣ, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон ба ҷавонон низ тақдим гардиданд.

Озмуни мазкур дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ” сурат гирифта, он як сол қабл аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ эълон гардида буд.

Ба гуфтаи ташаббускорони ин лоиҳа дар доираи лоиҳа тренингҳои омӯзиши миёни 36 нафар журналистон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида шуд ва зиёда аз 110 матлаб ба озмун пешниҳод гардидааст.

Ба гуфтаи масъулини лоиҳа ҳадаф аз баргузории ин озмун пешгири раванди ифротгароӣ дар Тоҷикистон аст.  


Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь