Озмунҳои элонкардаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – озмуни ба номи Пайванди Гулмуродзода ва ба номи Иқбол Илёсзода ҷамъбаст шуданд.

Тавре пешакӣ хабар дода будем, ба даври дуюми  озмуне, ки барои адабиётшиносону муҳаққиқон доир гардида буд, Субҳон Аъзамзод, Умед Ҷайҳонӣ, Бахтиёр Раҳмониён роҳ ёфта буданд. Дар ин овоздиҳӣ Субҳони Аъзамзод 854 овоз; Умед Ҷайҳонӣ 581 овоз; Бахтиёр Раҳмониён 538 овозро соҳиб шуданд.

Дар даври сеюм Умед Ҷайҳонӣ расман дар шабакаи иҷтимоӣ навишт, ки номзадиашро пас мегирад. Дар даври чорум ва панҷум ҳам аъзои комиссия ва ҳам аъзои раёсати МТЖТ якдилона аз номзадии Субҳон Аъзамзод дастгирӣ карданд.

Даври чорум ва панҷуми озмуни “Беҳтарин сухангӯ” ба номи Иқбол Илёсзода низ ба анҷом расид.  Дар даври чорум комиссияи таъсисдодаи МТЖТ иборат аз 7 рӯзноманигори соҳибном ва касбӣ баҳои худро ба номзадҳо доданд. Дар ин давр ҳамаи аъзо ҳамдилона Шоҳин Самадиро интихоб карданд ва дар даври панҷум раёсати МТЖТ аз 5 нафар ташкил шуда, 4 нафар ба Шоҳин Самадӣ ва як нафар ба Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ овоз доданд. Дар натиҷа Шоҳин Самадӣ ғолиб  дониста шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь