Озмуни “Бунёди рушди тибби хусусӣ”, ки Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ва Бунёди рушди тибби хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда буданд, имрӯз дар бинои Маркази тибби хусусии “Насл” ҷамъбаст шуд.

Озмун ҳам барои рӯзноманигорони нашрияҳои чопӣ ва ҳам хабарнигорони расонаҳои телевизионӣ эълон гардида буд. То мӯҳлати муайяншуда, бояд мавод ба ҳайати доварон пешкаш мегардид. Дар ҷамъбасти он ҳайати доварон иборат аз чеҳраҳои саршиноси журналистикаи тоҷик, баъди хондану дидани маводи пешниҳодгардида ба чунин хулоса омаданд:

Ҷойи аввал якдилона аз ҷониби ҳайати доварон ба Мазбут ҚОСИМОВ, хабарнигори маҷаллаи “Иқтисодчӣ”, барои маводи “Асолат, рушд, дурнамо ва имкониятҳои тибби хусусӣ”, ҷойи дуюм ба Ҷамолиддини Фахриддин, хабарнигори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” барои барномаи “ПАЙГИРӢ”, ва ҷойи сеюм ба Хусрав ШОҲСАИДЗОДА корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маводи “Тибби хусусӣ: аз заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, то дастовард ва дурнамои рушди соҳа дар Тоҷикистон” лоиқ дониста шуд. Ғолиби ҷойи аввал бо 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм бо 1000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ба ғайр аз ин, иштирокдорони фаъоли озмун бо мукофоти пулӣ ва диплом мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин, муассиси Маркази тибби хусусии “Насл”, Бунёди рушди тибби хусусии кишвар, дастандаркори ин озмун Шамсиддин Қурбонов ба рӯзноманигорон ваъда кард, ки соли дигар маблағи ҷойизаҳо як маротиба бештар хоҳанд буд.

Шавқинисо Абдуллозода,

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь