Комиссияи марказии интихоботи Озарбойҷон мувофиқи амри Илҳом Алиев муваззаф шудааст, ки таъйини интихоботи пеш аз муҳлати президентии ин кишварро дар рӯзи 7-уми феврали соли 2024 таъмин кунад.

Тибқи дастури раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ таъйин шудааст, ки бояд 7-уми феврали соли 2024 баргузор шавад.

Дар хабар аст, ки Илҳом Алиев дигарбора номзад ба президенти Озарбойҷон шудааст. Конститутсияи Озарбойҷон иҷозат медиҳад, ки як кас номаҳдуд номзадияшро ба вазифаи роҳбарии ин кишвар пешниҳод кунад.

Илҳом Алиев ин кишварро аз соли 2003 раҳбарӣ мекунад. Дар интихоботи соли 2018 ӯ беш аз 86 дарсади овозҳоро ба даст оварда буд.

Интихоботи навбатии президентӣ қарор буд, моҳи октябри соли 2025 баргузор шавад. Дар бораи сабабҳои ба таъхир андохтани интихобот хабар дода нашудааст. Тибқи қонунгузории Озарбойҷон, президенти ҷумҳурӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Охирин интихоботи президентии Озарбойҷон моҳи апрели соли 2018 баргузор шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь