Дар доираи ин тадбир бо истифода аз аслиҳаи дақиқ дар хатти пеш ва дохилӣ мавқеъҳои воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон, нуктаҳои оташфишонии дарозмуддати онҳо, инчунин лавозимоти ҷангӣ ва иншооти ҳарбӣ аз кор бароварда шуданд.

Trend дар такя ба иттилои вазорати дифои Озарбойҷон хабар медиҳад, ки рӯзи сешанбе дар Қарабоғ иқдомоти маҳаллии зиддитеррористӣ оғоз шуд.

«Гулӯлаборони системавии мавқеъҳои артиши Озарбойҷон аз ҷониби воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар минтақаи Қарабоғ, идомаи минакориҳои қаламравҳои мо, корҳои такмили муҳандисии мавқеъҳои ҷангӣ, инчунин афзоиши шумораи хандакҳо ва блиндажҳо дар моххои охир боиси боз ҳам бештар афзудани шиддат гардид.

Ҳамчунин, таҳкими мавқеъҳои ҷангӣ бо ҳайати шахсӣ, зиреҳпӯшҳо, артиллерия ва дигар аслиҳаи оташфишон, ба сатҳи баланди омодагии ҷангӣ расондани ҷузъу томҳо, таъсиси қисмҳои иловагии сафарбаркунӣ, вусъат додани корҳои иктишофӣ алайҳи ҷузъу томҳои Артиши Озарбойҷон, воридшавии амиқ ба қаламрави мо дар мавқеъҳои аз мина тозашуда ва роҳҳои мулкӣ бо мақсади диверсия ва амалҳои террористӣ мушоҳида шуданд.

Рӯзи 19-уми сентябр дар шоҳроҳи Аҳмадбейлӣ-Физулӣ-Шуша дар натиҷаи таркиши мина, ки қаблан аз ҷониби гурӯҳҳои иктишофию диверсионии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар минтақаи иқтисодии Қарабоғи Озарбойҷон бо ҳадафҳои террористӣ насб карда шуда буд, мардуми осоишта кушта шуданд ва автомашинаи муассисаи идораи давлатии роҳҳои автомобилгарди Озарбойчон хароб шуд. Худи ҳамон рӯз дар натиҷаи таркиши мошини ҳомили хидматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД аз минаи гурӯҳи иктишофию диверсионии нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон низомиёни мо кушта ва захмӣ шуданд. Чунин далелҳо идомаи сиёсати мақсаднок ва мунтазами террористии Арманистон алайҳи Озарбойҷон мебошанд.

Бо мақсади таъмини муқаррароти Эъломияи сеҷониба, рафъи иғвогариҳои густурда дар минтақаи иқтисодии Қарабоғ, халъи аслиҳа ва баровардани қувваҳои мусаллаҳи Арманистон аз қаламрави мо, безарар гардонидани инфрасохтори ҳарбии онҳо, таъмини амнияти аҳолии осоишта, хидматчиёни давлатӣ, ки ба корҳои барқарорсозии сохтмон ҷалб шудаанд ва ҳайати низомии мо, инчунин барқарорсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Озарбойҷон чораҳои маҳаллии зиддитеррористӣ оғоз карда шуданд.

Мо бори дигар таъкид мекунем, ки ғайринизомиён ва инфрасохтори ғайринизомӣ ҳадаф нестанд.

Фармондеҳии контингенти посдори сулҳи Федератсияи Русия ва роҳбарияти Маркази мониторинги Туркияву Русия дар бораи фаъолиятҳои анҷомдодашуда иттилоъ дода шуданд», – гуфта мешавад дар изҳороти ҷониби Озарбойҷон.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь