Некрӯз Ниёзов бар асари садама дар назди тарабхонаи “Боми Ҷаҳон”  ҷон дод. Яке аз ширкаткунандагони ин ҳодиса писари ректори Донишгоҳи славянӣ дониста мешавад.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли равон, тахминан соати 22:30, садамаи нақлиётии маргбор, ки боиси марги пиёдагард шудааст, рух дод. Ронандаи автомашинаи «Lexus RX350», рақами қайди давлатиаш 4800СС01, шаҳрванд, Файзулло Комёб Машраб санаи таваллудаш 05.04.2005, зода вa истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кучаи А. Навоӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Дӯстии Халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои «Маркази миллии ташхиси озуқаворӣ» ба автомашинаи тамғаи «Lexus RX350» 1981WM01, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло Хушбахт, санаи таваллудаш 11.09.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев бархӯрдааст, ки дар натиҷа пиёдагард овозхони 27- сола Некрӯз Ниёзов  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаи “Шифобахш” бистарӣ шудааст, аммо субҳи имрӯз, 22- юми сентиябр,  ҷон дод.

Марги Некруз Ниёзовро овозхон Шуҳрат Сайнаков тасдиқ карда гуфт, ки ӯ дар беморхона буда чанде пас ҷасади овозхонро мебароранд.

Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилӣ таъкид кард, ки айни замон вобаста ба ҳолати мазкур ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор мегирад.

Баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки Файзулло Комёб Машраб фарзанди ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Файзулло Машраб Қурбоналӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки Некрӯз Ниёзов аввалин бор  суруди Муборакшо “Ай ҷони ман асират”-ро   бозхонӣ карда, пасон намоҳанги худро соли 2018 таҳти унвони “Оҳиста-оҳиста” баровард. Ҳамчунин,  аввалин дуэти худро бо Меҳрнигори Рустам  бо номи “Рақс бикун” суруд. Некрӯз Ниёзов дар Душанбе студияи худро дошт ва барои ситораҳои эстрадаи тоҷик, ба монанди Нигина Амонқулова ва Шабнами Сурайё аранжировка ё танзими суруд анҷом медод.

Дар акс аз чап овозхон Ниёзов ва аз рост Файзулло Комёб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь