Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки Кумита Шурои сулҳофар дорад, ки дар он зиёда аз 126 нафар зани фаъол ташаббускорӣ нишон медиҳанд. Ҳамзамон, дар Кумита Шурои соҳибкорзанон фаъолият мекунад, ки 167 нафар зан аъзои онанд.

Тавре ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимшоев Акмал қайд кард, дар шашмоҳаи соли 2019-ум 150 ҳодисаи худкушии занон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона, назар ба соли гузашта 19 адад зиёд аст.

– Сабабҳои даст задани занон ба худкушӣ гуногун аст. Зиндагии вазнин, бемории рӯҳӣ ва дигар сабабҳои номаълум боиси ин ҳодисаи номатлуб  мегардад, ки зан даст ба худкушӣ мезанад, – гуфт ӯ.

Ҳуқуқшиноси дигари Кумита Умарова Гулҷаҳон илова кард, ки муноқишаҳои оилавӣ низ сабаби ҳодисаҳои худкушии занон шуда метавонад.

– Барои бартараф кардани ин ҳолатҳо Кумитаи кор бо занон ва оила тайи солҳои зиёд кор мебарад. 11-уми июл дар толори Кумита як ҷаласаи васеъ бо иштироки намоянда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид, ки дар он 80 нафар иштирок карданд. Мавзӯи асосии ҷаласаи мазкур пешгирии худкушии занон буд, – афзуд номбурда.

Ба иттилои манбаъ, боз як барномаи дигар аз санаи 19-уми июл тасдиқ шуда, дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ як қатор чорабиниҳо пешбинӣ гардидаанд, ки барои то соли 2023 бартараф намудани ҳамин омилҳо равона карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь