Имрӯз Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармону қарори худ раисони чанд шаҳру ниҳодро дар кишвар иваз кард.

Тибқи фармон Қосим Роҳбарро аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор шуд. Дар ин мақом ӯро Носирзода Ҷаббор, ки то ин замон муовини вазири кишоварзӣ буд, иваз кард. Сабаби барканории Қосим Роҳбар мушаххас нест. Ӯ дар ин мақом аз оғози соли 2022 кор мекард.

Ҳамчунин, раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе Билол Иброҳим аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшоро таъйин шуд.

Бо қарори раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исломиддин Хайриддин, ки то ин дам раиси ноҳияи Данғара буд, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин шуд.

Бо қарори дигар Наимӣ Аъламхон Қодириён аз вазифа муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барканор ва ба ҷойи ӯ Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод омад.

Қарори ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъйин шудани Раҳмонзода Зоир Файзалӣ низ имрӯз имзо шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь