Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз ошкор шудани чанд ҷинояти дуздӣ дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки аксари зарардидаҳо соҳибкоранд ва дуздҳо ноболиғу ҷавон ҳастанд.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 39-солаи шаҳри Хуҷанд муроҷиат намудааст, ки 5-уми октябри соли 2017, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 250 сомониро дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи шаҳри Хуҷанд бо гумони дуздӣ дастгир карда гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Ҳамчунин, ба ШВКД дар шаҳри Исфара марди 59-солаи сокини шаҳри мазкур, соҳибкор, муроҷиат кардааст, ки шаби 24 ба 25-уми сентябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Марказӣ шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои гуногун, ҷамъ ба маблағи 6000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-сола, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокинони шаҳри мазкур дастгир карда шуданд.

Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ишкошим зани 28-солаи сокини деҳаи Вранги ҳамин ноҳия, соҳибкор, муроҷиат намудааст, ки шаби 24 ба 25-уми сентябри соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозааш, воқеъ дар деҳаи мазкур шуда, аз он ҷо 2 адад телефони мобилии тамғаҳои гуногун, 1 адад плеер, 30 адад ручка ва асбобҳои сохтмонӣ, ҷамъ ба маблағи 3 ҳазору 603 сомониро дуздидаанд. Бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-сола ва ду нафар ноболиғони 17 ва 18-сола истиқоматкунандагони деҳаи Вранг, бо гумони дуздӣ дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ гирифта шуданд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идом дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь