Ин ширкат бо кумаки технологияи MIMO 4T4R аз аввали сол шабакаро дар шаҳри Душанбе бозсозӣ кардааст, тибқи нақша дар навбат шаҳри Хуҷанд аст.

Ширкати Tcell мудернсозии бомуваффақияти шабакаи 4G дар Душанберо идома дода, қобилияти шабакаро барои беҳтар кардани суръат ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар натиҷаи фановарии пешрафтаи MIMO 4T4R “Multiple Input Multiple Output” (чандвурудӣ ва чандхуруҷӣ бо истифода аз 4 онтен), суръати миёнаи як муштарӣ 40% афзуд.

Ҳамчунин, ба шарофати истифодаи ин фановарӣ, фарохмаҷрои шабака ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфта, сифати иртибот беҳтар шудааст. Бартарии дигари технологияи MIMO 4T4R дар он аст, ки барои баланд бардоштани самаранокии шабака зарурати манбаи басомади иловагӣ лозим намешавад.

Ширкат инчунин барои васеъ кардани шабака дар минтақаҳо фаъолона кор бурда, то кунун дар саросари кишвар 54 истгоҳи нави 4G-ро ба кор андохтааст. Тибқи нақшаҳои ширкат то охири моҳи июл дар ҷумҳурӣ то 210 пойгоҳи базавӣ ҷойгир ва такмил дода мешаванд.

“Таҷдиди шабакаи 4G дар Душанбе ва тавсеаи он дар минтақаҳо як ҷузъи кори доимии мо барои беҳбуди иртиботот ва таъмини интернети баландсуръат барои муштариёни худ аст. Мо сармоягузорӣ дар инфрасохтор ва ҷорӣ кардани фановариҳои пешрафтаро барои қонеъ кардани ниёзҳои рӯзафзуни муштариён идома хоҳем дод», – мегӯяд мудири фаннии Tcell Мустафо Донбалоғлу.

Tcell сифат ва роҳатро барои ҳар пайвастшавӣ ба армуғон меорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь