Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Маркази назорати давалатии санитарию эпидемиологии ноҳия давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз бозору нуқтаҳои фуруш 10 тонна маҳсулоти пасифат ва муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуда, 81 иншоот муваққатан, то ислоҳи камбудиҳо, баста шудаанд.

Директори маркази мазкур Каримзода Абдулҳамид дар суҳбат ба “Фарж” гуфт, дар ин давра нисбати 270 нафар дар робита ба риоя накардани талаботи санитарию эпидимиологӣ ва гигиенӣ мавод тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 140 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима  баста шуданд.

Ҳамчунин иттилоъ дод, ки давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо аз бозору мағозаҳо ва фурӯшгоҳои ноҳия беш аз 10 тонна маҳсулоти шубҳанок, пастсифат ва  муҳлати истеъмолашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд, ки   маблағи он 136 ҳазору 21 сомониро ташкил медиҳад.  47 каси масъуле, ки чунин маводҳоро ба фурӯш бароварда буданд, ба маблағи 58,2 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Қайд гардид, ки дар ин давра фаъолияти 81 иншооте, ки ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуданд, то  бартараф кардани камбудиҳои ҷоядошта мувақатан боздошт шудаанд.

Гуфта шуд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 79 маводи ҷаримаи маъмурӣ ва 42 маводи дигар барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ фиристода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь