Созмони ҷаҳонии ЮНИСЕФ эълон карда, ки маоши думоҳаи ҳамаи омӯзгорони мактабҳои давлатии Афғонистонро пардохт мекунад. Дар ин бора ЮНИСЕФ дирӯз, якшанбеи 20 феврал, иттилоъ додааст.

Ин дар ҳолест, ки омӯзгорони мактабу донишгоҳҳои Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон аксаран аз ин ҳақ маҳрум шудаву расонаҳо аз мардикории онон хабар медиҳад.

ЮНИСЕФ мегӯяд, маоши омӯзгорони мактабҳои давлатии Афғонистонро дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ пардохт мекунад. Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки ин раванд аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо маблағгузорӣ шуда, барои омӯзгорони марду зан моҳона 100 доллар пардохт мегардад.

Тибқи Эъломияи ЮНИСЕФ, ин кумаки изтирории омӯзгорон ба миллионҳо кӯдак дар Афғонистон барои дастрасӣ ба таҳсил кумак хоҳад кард ва ҳадафаш ҷалб ва таълим додани тамоми писарону духтарон дар мактабҳои Афғонистон аст.

Дар изҳороти ЮНИСЕФ гуфта мешавад, ки 194 000 маоши омӯзгорони мактабҳои давлатӣ, ки дар таълими миллионҳо кӯдак дар саросари кишвар машғуланд, дар ин раванд мусоидат хоҳад кард. Ба ин программа ҳамаи муаллимони мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, донишкадаҳои техникию касбӣ ва марказҳои такмили ихтисоси муаллимон (коллегияҳои педагогӣ) дохил карда шудаанд.

Ёдовар мешавем, пас аз 15-уми август вазъи моливу иқтисодии мардуми афғон бадтар шуда, нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба миён гузоштааст. Дар ин шаш моҳи ҳукумати Толибон миллионҳо доллари амрикоӣ ва маводи хӯрока ба сокинони ин кишвар хайрия мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь