То соати 19:30 дақиқаи 14 июн дар Тоҷикистон 5035 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси навъи COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 3409 (67,7%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то дирӯз аз ин беморӣ 50 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 540 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 121 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ мекунанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда шудааст, ки барои пешгирии сирояти ин вирус пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя кунанд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь