Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон, ки дар қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар Қатар ширкат дорад, бозии аввалинашро дар гуруҳи С бо дастаи мунтахаби олимпии Арабистони Саудӣ анҷом дод.
Вохӯрӣ бо натиҷаи 4:2 бар нафъи арабҳо ба охир расид. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров заданд.
Бозии дигар дар ҳамин гуруҳ бо ширкати дастаҳои Ироқу Тайланд баргузор шуд, ки бо натиҷаи 0:2 бар нафъи дуюмӣ ба охир расид.
Дар чанд гуруҳи дигар низ бозиҳои даври аввал баргузор шуданд. Куриёи Ҷанубӣ бо натиҷаи 1:0 бар Аморати Араб пирӯз шуд, Ҷопон низ бо ҳамин ҳисоб Чинро шикаст дод. Қатар бо ҳисоби 2:0 бар Индонезия ғолиб омад. Австралия ва Урдун бозиро бо мусовии бидуни гол ба охир расонданд.
Бозии даври дуюми худро шогирдони Мубин Эргашев рӯзи 19-уми апрел бо дастаи Таиланд мегузаронанд.
Ҳамагӣ дар ин мусобиқа 16 даста ширкат доранд, ки ба чор гугуҳ ҷудо шуданд. Осиёи Марказиро дар ин мусобиқа дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон намояндагӣ мекунанд.