Имрӯз, 8-уми июн, дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови Бишкек марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» оғоз шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Мянмар бозӣ кард.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 9-ум Шервонӣ Муҳаббатшоев боз кард. Сипас, дар қисми дуюм дар дақиқаи 56-ум Манучеҳр Ҷалилов аз пеналтӣ ҳисобро ба 2:0 расонд. Баъд аз 2 дақиқа Шервони Муҳаббатшоев голи дуюми худ ва голи сеюми Тоҷикистонро ба дарвозаи Мянмар зад. Эҳсони Панҷшанбе тавонист, ки дар дақиқаи 84-ум аз масофаи дур голи 4-уми дастаашро занад. Бозӣ бо натиҷаи 4:0  ба фоидаи шогирдони Петр Сегрт ба охир расид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии дуюмашро бо дастаи мунтахаби Сингапур рӯзи 11-уми июн баргузор мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь