Имрӯз, 11-уми май, дар Давҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Аз рӯи натоиҷи он дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар гуруҳи «А» қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ мекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гуруҳи иборат аз 4-дастаӣ ҷудо шуданд. Аз ҳар гуруҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чор дастаи беҳтарини зинаи сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Гуруҳи «А»

Қатар

Чин

Тоҷикистон

Лубнон

Гуруҳи «В»

Австралиё

Ӯзбекистон

Сурия

Ҳиндустон

Гуруҳи «С»

Эрон

Аморати Араб

Ҳонконг

Фаластин

Гуруҳи «D»

Ҷопон

Индонезӣ

Ироқ

Вйетнам.

Гуруҳи «Е»

Курёи Ҷанубӣ

Малайзиё

Урдун

Баҳрайн.

Гуруҳи «F»

Арабистони Саудӣ

Таиланд

Қирғизистон

Умон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь