Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозии даври панҷуми даври дуюми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гуруҳи “G” бо тими милли футболи Урдун нахустин тамрини худро дар Аммон анҷом дод.

Даста баъд аз машқу тамринҳо дар Давҳаи Қатар ба Аммони Урдун расид ва дар ҳайати пурра тамринҳои пеш аз бозиро гузаронд. Ба даста Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду «Нефтчӣ», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Андиҷон», Узбекистон) ва Фатҳулло Олимзода (Атирау, Қазоқистон) пайвастанд.

Вохӯри дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи шоми 6-уми июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь