Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Исломобод бар дастаи мунтахаби Покистон бо ҳисоби бузурги 6:1 пирӯз шуд.

Голҳои Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов 2 гол, Рустам Соиров, Парвизҷон Умарбоев, Эҳсони Панҷшанбе ва Шаҳром Самиев заданд.  Голи Покистонро Рахис Набӣ дар дақиқаи 21-ум ба ҳадаф расонд.

Бозии якуми шогирдони Петар Шегрт дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Урдун 1:1 ба охир расида буд, ки голи Тоҷикистонро Шаҳром Самиев зад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро дар даври дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар баҳори соли 2024 идома хоҳад дод. Ду бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ аст, ки яке дар хона ва дигаре дар сафар хоҳад буд. Сипас, тобистони соли оянда бо Урдун дар сафар ва бо Покистон дар Душанбе бозӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь