Ин ҳамлаи террористиро, ки ҷони 103 нафарро гирифт, аз ҷумла СММ, Иттиҳодияи Аврупо, Туркия, Русия, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо маҳкум карданд.

Иброҳим Раисӣ, раисиҷумҳури Эрон, ба хонаводаҳои кушташудагон дар ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Кирмон изҳори ҳамдардӣ кард ва хостори ба ҷавобгарӣ кашидани омилон шуд, гузориш медиҳад хабаргузории Меҳр рӯзи чоршанбе.

Раисӣ гуфт: “Бешубҳа, омилони ин амали буздилонаро нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ ба зудӣ ошкор хоҳанд кард ва онон барои амали зишташон муҷозот хоҳанд шуд”.

Иттиҳодияи Аврупо ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кардааст: «ИА инфиҷори имрӯза дар шаҳри Кирмони Эронро шадидан маҳкум мекунад».

Флоренсия Сото Нино, сухангӯи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид қайд кард, ки “Дабири кулл ҳамлаи имрӯзаро (…) дар шаҳри Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бино ба гузоришҳо, беш аз 100 нафар кушта шудаанд, шадидан маҳкум мекунад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори таслият ирсол ва  терроризмро дар ҳама гуна  зуҳуроташ шадидан маҳкум кард.

Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Кирмони Эрон дар рӯзи ёдбуди фармондеҳи собиқи Нерӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, генерал Қосим Сулаймонӣ, ки 3 январи соли 2020 дар Бағдод дар пайи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои ҳавоии Амрико даргузашт, чанд таркиш рух дод. Дар ин ҳамла 103 нафар кушта ва дастикам 211 нафари дигар маҷруҳ шуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, маводи тарканда дар ду халта дар қабристон гузошта шуда, аз фосилаи дур мунфаҷир шудааст. Хадамоти истихборотии Эрон бар ин назаранд, ки ин таркишҳо як ҳамлаи террористӣ будааст. Давлати Эрон рӯзи панҷшанберо дар робита ба таркишҳо рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь