Олимпиадаи зимистонаи Пекин-2022 оғоз шуд. Маросими кушодашавии бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ шоми 4-уми феврал, дар Варзишгоҳи миллии Пекин, ки бо номи “Лонаи паранда” маъруф аст, баргузор гардид. Олимпиада дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин, шаҳри Пекин доир шуда, то 20-уми феврал давом мекунад.

Бозиҳои XXIV зимистонаи Пекин-2022 бо иштироки 3000 варзишгар аз 91 кишвари ҷаҳон доир мешавад. Дар Олимпиада варзишгарон барои 109 маҷмуи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта – рақси рӯи ях, ҳоккейи рӯи ях,  пойгаи лижатозӣ, биатлон, сноуборд, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, скелетон, фристайл, шорт-трек, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва чанаронӣ мубориза мебаранд. Мусобиқаҳо дар се минтақа, дар маркази Пекин, Янтсин ва Чжантсзякоу, гузаронда мешаванд.

Варзишгарони кишвари мо дар Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат намекунанд, чунки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиада иҷро кунанд. Аммо дар маросими ифтитоҳӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ҳамроҳ бо сарони як қатор кишварҳои дигар ҳузур дошт.

Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 бо шиори “Зудтар, баландтар, қавитар – якҷоя” давоми 16 рӯз – то 20-уми феврал давом меёбад. Шумораи бештари варзишгарон аз дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (222 нафар), Канада (215), Русия (212), Чин (170), Швейтсария (168), Олмон (148), Ҷопон (124), Италия (118), Шведсия (116), Ҷумҳурии Чех (113) ва Австрия (106) ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки як қатор кишварҳо, аз ҷумла Австралия, Амрико Ҷопон, Канада, Британияи Кабир ва дигарҳо таҳрими дипломатии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекинро эълон карданд. Иллати таҳрим поймол ва нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар ва қатли омми мусулмонон (уйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо) дар вилояти Шинҷони Чин мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь