Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба маҳфилҳои равияи технология, инноватсия ва санъати амалӣ, бедор намудани шавқи онҳо ба омузиши техника, ихтироъкорӣ, вусъат додани интихоби касб дар байни хонандагони муассисахои таълимӣ ва бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми апрел дар Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Деваштич даври минтақавии «Олимпиадаи техникони наврас» гузаронида шуд.

Дар озмун дастаи ғолибони даври ноҳияви аз шаҳри Истаравшан, ноҳияи Зафаробод, ноҳияи Шаҳристон ва ноҳияи Деваштич иштирок ва корҳои эҷодкардаи худро муаррифӣ карданд.

Олимпиада аз рӯи 10 бахш, аз ҷумла:, роботтехникӣ, авиамоделӣ, автомоделӣ, ихтироъкорӣ, киштии ояндаи коинот, судомоделӣ, барномасозӣ, аграрӣ, радиоконструкторӣ ва манзили истиқоматӣ баргузор гардид.

Ғолибони озмун барои иштирок ба даври вилоятии озмуни “Олимпиадаи техникони наврас” роҳхат гирифтанд.

Олимпиадаи вилоятии “Техникони наврас” ҳамасола аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ташкил ва баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь