Олигархи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии шаҳри Тошканд  4 ҳазору 923 китоби нодирро ба маблағи 8 миллион доллар туҳфа кардааст. Дар ин бора раиси Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Шоазим Миноваров хабар додааст.

Хабаргузории давлатии Ӯзбекистон бо истинод ба Миноваров навиштааст, ки “ин китобҳо асарҳои нодиреанд, ки бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ дар асрҳои XIII дар бораи таъсири шарқшиносӣ ва ҷаҳони ислом ба Аврупо навишта шудаанд”.

Зодаи шаҳри Намангон, сарватманди Русия Алишер Усмонов дар суҳбат бо маҷаллаи Forbes 20-уми декабри 2018 гуфтааст, бо пуле, ки аз фурӯши дастаи футболи “Арсенал” ба даст овардааст, дар Ӯзбекистон, аз ҷумла дар Маркази тамаддуни исломии ин кишвар тарҳҳоеро иҷро мекунад.

Усмонов он замон гуфта буд, ки аллакай ба Маркази исломии шаҳри Тошканд 100 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь