Ахиран Шӯҳрат Ғаниев, ки ҳашт соли охир сарварии вилояти Фарғонаро бар дӯш дошт, аз ин вазифа рафт. Ӯро ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров иваз кард.

Дар як ҷамъомади фаврӣ, ки таҳти раёсати нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов ва ҷамъи фаъолони вилояти Фарғона баргузор гардид, Шӯҳрат Ғаниев бо тантанаи хос аз мақоми ҳокими вилоят сабукдӯш шуд.

Баъди маросими ҷомапӯшонӣ нахуствазир Абдулло Арипов эълон кард, ки Шӯҳрат Ғаниев  ҷонишини нахуствазир оид ба масъалаҳои ривоҷ додани соҳаҳои аграрӣ ва хӯрокворӣ таъйин шуд. Дар ин вазифа Уктам Барноев кор мекард, ки 20 сентябр аз сирояти коронавирус вафот карда буд.

Ба ҷои Хайрулло Бозоров ба ин вазифа раиси Кумитаи экология ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Абдураззоқов иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Намангон тайин гардид.

Шӯҳрат Ғаниев дар Ӯзбекистон аз зумраи ҳокимоне муаррифӣ мешуд, ки дар таҳқиру камситоии зердастон ва мардуми ин ё он ноҳия ҳамто надорад. Ин рафтори ӯ дар шабакаҳои интернетӣ  сару садоҳои гуногунро ба бор овардааст. 

Ҳатто шабакаҳои интернетӣ чанд дафъа  дар бораи аз кор рафтани ҳокими вилояти Фарғона хабарҳо дарҷ намуданд, вале баъдан маълум шуд, ки ин хабарҳо беасосанд ва Шӯҳрат Ғаниев дар ҷои худ устувор аст.

Аввал ҳокими собиқи вилояти Фарғонаро дар таҳқири сокинони ноҳияи Тошлоқ ва шаҳри Риштон муттаҳам намуданд. Бино ба хабарҳои шабакаҳои интернетӣ ин рафтори Шӯҳрат Ғаниев хоси ҳокими вилоят нест. Вай аз мардуми Риштон маъзарат хост ва иброз намуд, ки дигар ин рафторашро такрор намекунад.

Бори дигар Шӯҳрат Ғаниев аз тарафи  Регламент ва комиссияи одоби Сенати Олий Маҷлис муҳокима гардид. Вай сахт огоҳ карда шуд. Сенат ба вай се моҳ муддат дод, то  ки рафтору гуфторашро тағйир диҳад. Вай дар як ҷаласаи фаврии ин комиссия аз президенти мамлакат бахшиш пурсид.

Дар ҳодисаҳои ноҳияи Сӯх, ки охири моҳи май ва аввали моҳи июни соли равон ба вуқӯъ пайваст,  номи Шӯҳрат Ғаниев дар меҳвари иттилоҳои шабакаҳои интернетӣ қарор дошт.  Гуфта мешуд, ки вай дар ҷараёни даргириву сангандозии миёни сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Сӯх ва деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон мавриди сангборон қарор гирифтааст ва захм бордоштааст.

Дар ин ҷо вай ба мардум таҳдид намуд, ки номи ноҳияи Сӯхро аз харита бармедорад ва як идда ҷавононро ба ҷазо мекашад. Гуфта мешавад, ки номи ноҳияи Сӯх дар харитаи Ӯзбекистон боқиву устувораст, вале як гурӯҳ ҷавонмардони ноҳияи Сӯх ҳоло барои ширкат дар беназмиҳои 31 майи соли равон дар боздоштгоҳҳои додситонии вилояти Фарғона ба сар мебаранд. Маълум нест, ки онҳоро чӣ сарнавишт интизор аст.

Дар якуним-ду соли охир Шӯҳрат Ғаниев дар миёни ҳокимони вилоятҳои Ӯзбекистон барои шабакаҳои интернетӣ аз қаҳрамонони асосӣ маҳсуб меёфт. Ҳатто чанд бор аз вай талаб карданд, ки аз мақоми ҳокими вилояи Фарғона истеъфо диҳад.

Шӯҳрат Ғаниев узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва соҳиби мукофоти давлтии “Шӯҳрати меҳнат” мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь