Имрӯзҳо мешоҳида мешавад, ки мардуми сарбаланд ва тамаддунофари тоҷик ба зиёдаравӣ роҳ дода, ба расму оини бегона гаравида, хурофотпараст шудаем ва ҷавонон ба доми гуруҳҳои тундраву ифротгаро афтодаанд.
Боиси таассуф аст, ки ҳама инро дида, боз ҳам кӯр-кӯрона ба ин амалҳое, ки ба дини мубини ислом ягон рабт надорад, пайравӣ намуда, рӯз то рӯз аз дини ислом, амалҳои хайру нек, тамаддун, расму оини таърихии аҷдодонамон дур шуда истодаем.
Воқеъан зуҳуроти бегонапарастии номбаршуда ба чунин хатарҳои ҷиддӣ мерасонад: дур шудан аз фарҳанги миллии тоҷикӣ, дур шудан аз тамаддун, анъана ва расму оини тоҷикӣ. Ҳар як фарди тоҷик аввалан бояд аз таърихи халқи худ, аз ҷонбозиҳои қаҳрамонҳои миллатӣ тоҷик, аз шоирон, бузургон, нависандагон ва аҷдодони таърихии худ огоҳ бошад.
Қобили зикр аст, ки пеш аз пайдоиши дини ислом дар дунё қавму аҷдодони миллати тоҷик тамаддун, давлатдорӣ, таърих ва дини яктопарастии ҳазорсолаҳо доштанд. Мо мардуми тоҷик бояд бо таъриху ниёгони хеш ифтихор намуда ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки тоҷик фарҳанг ва таърихи бою ғанӣ аз аззал доштанду доранд.
Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем. Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст. Мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузург ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд.
Роҳнамои Пешвои миллат махсусан дар мавриди зиёдаравӣ ва хароҷотҳои беасоси баъзе аз қишри ҷомеа бениҳоят таҳсирбахшу самаранок буда вобаста ба ин Роҳбари давлат чунин иброзу андеша намуданд:
“Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад. Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зиндагии чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд”.
Бале дар ҳақиқат агар қисми маблағи зикршударо барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, кӯмак расонидан ба фарзанди падар, ҳамсояи камбизоату дастнигар ё ин ки оиладор намудани ятиме, ки шароиту имконияти оиладор шудан надорад, ин ба 10 маротиба зиёрати ҳаҷ намудан баробар аст, ки шоири бузург чунин гуфтааст:
Ҳар ки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.
Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳои зиёдаравӣ ва зиёда аз 2-3 маротиба зиёрати ҳаҷ намудани шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбари давлат қарор гирифт, ки ин ҳам бошад саривақтист. Агар мантиқан фикр намоем, вақте дар деҳа ё ноҳия ҳамсоя ва ҳаммиллатат оби ошомиданӣ надорад, ҳамсояат имконияти фарзандонашро ба муассисаи таҳсилоти миёна фиристодан надорад, дар кӯчаи зиндагӣ монанди 1-2 маъюб ҳастанд, ки қариб ҳаррӯза ба онҳо доруву дармон даркор аст. Дар кӯчаҳои маҳал роҳҳо мумфарш ва асфалтпӯш карда нашудааст, ки ҳар рӯз фарзанди мову шумо дар рузҳои боронӣ ба даруни хоку лой ба муассиса ва дигар ҷойҳо мераванд.
Ҳоҷиёне, ки ба зиёрати ҳаҷ мераванд, дар хонаҳои фарзандони падар, яъне бародару хоҳараш садҳо мушкилии оилавӣ аз қабили бемору беморӣ доранд. Шароити хуби зиндагӣ надоштан, хонаи истиқоматӣ надоштан ҳатто дар баъзе маврид дар хонаи фарзанди падари ҳоҷӣ орду равған ҳам дида намешавад. Пас чӣ тавр ба ҳамаи мушкилӣ ва камбудиҳои ҷойдошта чашм пӯшида ба зиёрати ҳаҷ мераванд? Магар зиёрати хонаи Худо ба чунин ашхос қабул мегардад, ё не?
Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе ходимони дин ва муллоҳои маҳал аз сабаби паст будани маълумоти диниашон, он маъракаҳоеро, ки дар Ислом ва Қуръони Карим яъне: серӯзагӣ, панҷшанбегӣ, чил, шаш моҳа, сол, дастархонҷамъкунӣ, ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат, арӯсбинон, гавҳорабандон ва ғайра таҷлил мекунанд. Тибқи андешаву назари донишмандони маъруфи улуми исломӣ хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ ва инсонпарваронаи дини ислом робитае надорад.
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат саршор пур аз роҳнамоӣ ва насиҳатҳои падарона барои ҳар як оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон баҳри зиндагии шоиста, пешгирии исрофкорӣ, омӯзиши адабиётҳои Имоми Аъзам, тарбияи дурусти фарзандон, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, таъриху тамаддун, расму оини тоҷиконаи худро шинохтан, ватандустӣ, тарзи дурусти зиёрати хонаи Худо, хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи ҳуқуқии шаҳрвандон равона гардидааст, ки танҳо барои хуб намудани шароити зиндагии мардум мусоидат менамояд.
М. Нозирзода