Дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон ва дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имрӯз Рамазон Насриддинзода ба вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъйин гардид. Дар ин вазифа марҳум Аловуддини Абдулло то дами марг кор мекард.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки Рамазон Насриддинзода то имрӯз мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон буд. Ӯ дар гузашта дар мақомҳои мудири бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, муҳаррири “Телевизиони Кӯлоб”, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият кардааст.

Бояд гуфт,ки ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик, роҳбари Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллоев 17 феврали соли ҷорӣ дар синни 57-солагӣ даргузашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь