Рӯзи 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Шоҳзода Карим Оғохони IV бо Ҷоизаи беҳтарин дараҷаи ҳаётӣ аз ҷониби Ҷамъияти Осиё дар доираи барномаи мукофотии Роҳбарони тағйирёбанда дар Осиё мукофотонида шуд.

Мукофоти мазкур ҳамасола ба шахсони воқеӣ, созмонҳо ва ҳаракатҳои иҷтимоие, ки пешвоёни ҳақиқӣ дар соҳаҳои фарогирандаи сиёсат ва тиҷорат, санъат фарҳанг ва маорифи ҷомеаи Осиё таълим медиҳанд, супурда мешавад.

Ҳангоми қабул намудани мукофоти «Беҳбудии ҳаёти миллионҳо нафар дар Осиё ва дар тамоми ҷаҳон» тавассути ташаббусҳои Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AКДН), Оғохонро бародараш Амин Оғохон ҳамроҳӣ мекард. Шоҳзода Карим Оғохони IV дар ин маросим гуфт: “Ҳамаи пешвоёни ҷомеаи ҷаҳонӣ умедворанд ва дуо мекунанд, ки дар ҷаҳон танҳо сулҳ ҳукмфармо бошад. Сулҳ дар ҳар як ҷомеа, дар ҳар як кишвари ҷаҳон бо он алоқаманд бошад, ки марду зан дар бехатарӣ зиндагӣ кунанд, ояндаи худро бунёд кунанд, бо истифодаи қувваи далерӣ умеди ояндаи рӯшан дошта бошанд. Ин гуфтаҳо он арзишҳое ҳастанд, ки роҳбарони ҷомеаи ман, муассисаҳоям ва худам ба хотири он барои даҳсолаҳои минбаъда ва барои оянда кор хоҳем кард».

Оғохон пас аз қабули ҷоиза, ки аз ҷониби президент ва директори иҷрокунандаи WETA – телевизион ва ҳамсари сенатори собиқ Ҷон Ҷея Рокфеллер – Шарон Рокфеллер, инчунин Майкл Блумберг, собиқ раиси шаҳри Ню-Йорк ба ӯ супорида шуд, ба мардум бо эҳтироми самимӣ муроҷиат намудааст.

Бояд гуфт, ин чорумин мукофоти дараҷаи баланд аст, ки соли ҷорӣ ба Оғохон дар Ню-Йорк тақдим карда шуд. Соле, ки ҳамзамон Оғохон Солгарди Алмосӣ-и худро ба ҳайси Имоми (пешвои маънавӣ) ҷомеаи Исмоилии шиаҳо ҷашн мегирад. 

Дар оғози соли ҷорӣ медали Ассотсиатсия оид ба сиёсати беруна, бо медали президентии «Лоиҳаи меъмории Ню-Йорк» ва ҳамзамон ҷоизаи «Пешвои ҷаҳон-ро аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соҳиб гардида буд.

Оғохон ба воситаи ташкилоти худ ва ба ҳайси як пешвои руҳонӣ даҳсолаҳост, ки барои бунёди сулҳ дар ҷаҳон мубориза мебарад,- қайд намуд Блумбер.- Ӯ бештар ба мавзуҳое диққати ҷиддӣ медиҳад, ки мардум ба он бештар ниёз доранд. Дар ин раванд, аз ҷумла ӯ барои ҳифзи ҷомеаҳои осебпазир аз таъсири тағйирёбии иқлим ва ба ҷавонон дар роҳи расидан ба муваффақият кӯмак мерасонад. Ҳамзамон, ӯ яке аз пешвоён дар истифодаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои паҳн намудани имкониятҳои иқтисодӣ, беҳбудии саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба таҳсилот дониста мешавад».

Президенти Ҷамъияти Осиё Хосе Шеран инчунин ба Оғохон вазифаи қабули нақши AKДН ва кӯшишҳои ин созмон дар Афғонистон ва Тоҷикистонро дод. Мо қуввати кории шуморо медонем. Ман қувваи ташкилоти шуморо медонам. Ман медонам, ки шумо эҷод мекунед. Мо ба чунин созмонҳое ниёз дорем, ки мардумро муттаҳид месозанд ва омодаанд гӯянд, ки ҷаҳон нек аст, дар ин ҷаҳон мо дар канори ҳам истодаем ва ин ҳамон чизест, ки мо имрӯзро ҳис мекунем»,- гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь