Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо диплом ва ҷоизаи махсуси озмуни Агентии иттилоотии «SugdNews» таҳти унвони «Беҳтарин ташаббуси ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ» сарфароз гардонида шуд.

Имрӯз, 29 сентябр, Хуршед Атовулло, директори генералии Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, муассиси Оҷонсии иттилоотии SugdNews, ба раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода диплом ва ҷоизаи махсуси Маркази журналистикаро супорид.

Озмуни Агентии иттилоотии «SugdNews» таҳти унвони «Беҳтарин ташаббуси ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ» ибтидои сол оғоз шуда, дар рӯзи таҷлили 30-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст карда шуд.

Қобили зикр аст, ки тибқи натиҷаи овоздиҳӣ дар озмуни Агентии иттилоотии “SugdNews” таҳти унвони “Беҳтарин ташаббуси ҷамиятӣ дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ” Зоҳидзода Даврони Абдукодир, раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, ҷойи аввалро гирифт.

Муродзода Муким, раиси ноҳияи Айнини вилояти Суғд, дар мақоми дуюм қарор гирифт. Ҷойи сеюмро Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, раиси ноҳияи Ашт ва мақоми чорумро Раъно Хошимзода, раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ишғол карданд. Ғолибон ҳама чор ҷойро дар номинатсияи “Раиси созанда” соҳиб шуданд.

Озмун миёни раисони шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар чор номинатсия: “Раиси созанда”, “Раиси хайрхоҳ”, “Раиси мардумӣ” ва “Раиси ояндадор” баргузор шуд.

Дар баробари ин, ҳамчунин Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд, дар номинатсияи “Раиси ояндадор”, Зафарбек Давлатзода, раиси ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров, дар номинатсияи “Раиси хайрхоҳ” ва Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан, дар номинатсияи “Раиси мардумӣ” барандагони озмун шуданд.

Супоридани диплом ва ҷоизаҳои махсус ба дигар ғолибон рӯзҳои наздик сурат мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь