Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон баъди баромадан аз гуруҳ дар Ҷоми Осиё-2023 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо кард.

Президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллӣ дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар Имороти Араб (1:1, 5:3) ба даста 150 ҳазор доллари дигар ҷудо кард.

Гуфта мешавад, дар ҳолати пирӯзӣ дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё бар Урдун барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ҷудо хоҳад шуд.

Инчунин, дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.

Корхонаи заршӯии муштараки Тоҷикистону Чин “Зарафшон”, ки дар Панҷакент ба истихроҷи тилову нуқра машғул аст, ба тими миллии футболи Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё -2023, 2 миллион сомонӣ туҳфа ваъда кард.

Ҳамзамон, роҳбарияти ин ширкат, изҳор доштааст, ки дар сурати ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтани дастаи Тоҷикистон 3 миллион сомонӣ, барои ба финал баромадан 5 миллион сомонӣ ва барои дарёфти Ҷоми мусобиқа 8 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь