Имрӯз дар конфронси бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот» дар меҳмонхонаи «Ҳайат»-и шаҳри Душанбе супоридани ҷоизаҳои журналистӣ доир гардид.

Ҷоизаи «Эътимод», ки аз ҷониби Шӯрои ВАО таъсис ёфтааст, ба масъули гурӯҳи «Ахбор барои афкор» дар Фейсбук журналист Раҷаби Мирзо эъто гардид. Ҷоизаи МТЖТ  «Сухангӯи беҳтарин» ба номи Иқбол Илёсзода ба котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм Эҳсон Хушвахт лоиқ дониста шуд. Ҳамчунин, дар доираи ин ҷоиза маблағи муайян ба хонаводаи марҳум Иқбол Илёсзода ҷудо гардид.

Дар эътои ин ҷоиза директори МТЖТ Хуршед Атовулло гуфт: «Ҳодисаҳои ахир дар марз нишон дод, ки на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳри Душанбе ҳам рафтани журналистон натавонист ҷои Иқболро пур кунад. Ҷои ӯ то ҳол холист».

Дар идома ҷоизаи «Рисолати касбӣ» ба номи Отахон Латифӣ аз ҷониби Медиа Алянси Тоҷикистон ба муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ва Ҷамшед Маъруфов, ҷоизаи тадқиқоти журналистӣ ба номи Ҷумъа Толиб ба журналистон Ёқуб Ҳалим ва Мазҳаб Ҷумаев, ҳамчунин ҷоизаи «Ҷасорат ва рисолати касбӣ» ба Абдулло Ғурбатӣ эъто гардид.

М. Наҷибӣ, «Фараж»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь