Имрӯз, 26-уми июл, оилаи тифле, ки баробари таваллуд шуданаш шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар расид, ба манзили истиқоматии нави худ ворид шуданд, иттилоъ дод шаҳрдории Душанбе.

Се рӯзи пеш, 23-уми июл, дар Душанбе тифле таваллуд шуд, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион баробар кард. Волидони ин писарбача, ки варо Фирдавс ном ниҳоданд, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд.

Падари тифли навзод муҳоҷири корӣ ва модараш хонашин аст. Фирдавс нахустзодаи ин оилаи ҷавон мебошад. Вазни писарбачаи навзод 3 килою 250 грамм ва қадаш 50 сантиметр зикр мешавад.

Ба ин хонавода президент ва шаҳрдори Душанбе дар пойтахт манзили сеҳуҷрагӣ тақдим кардаанд.

Ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, Махфират Шокирова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, имрӯз ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав ворид шуданд. Оиларо намояндагони шаҳрдории Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.

Дар ин ҳол, корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисоби тифле, ки аҳолиро ба 10 миллион расонд, шубҳаовар номиданд. Онҳо гуфтанд, навзодоне, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 7, 8, 9 ва 10 миллион расонданд, ҳамагӣ дар шаҳри Душанбе таваллуд шудаанд, ки шубҳабарангез ба назар мерасад.

Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад. Тибқи пешбиниҳои мақомоти Тоҷикистон, то соли 2030 шумораи сокинони Тоҷикистон ба 11 миллион кас хоҳад расид. Бар асоси омори расмӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь