20-уми май дар толори Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, роҳбари Муассисаи давлатии ансамбли “Сомон” Афшалшоҳ Шодиев баргузор мешавад.

Консерт “Офтобборон” ном дошта, ба ҷашни 80-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, адиби зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ бахшида мешавад. Унвони консерт аз номи яке аз китобҳои устод Лоиқ гирифта шудааст.

– Ман, агар ба ҷойе расидаам, маҳз бо дастгириву роҳнамоии устоди бузургвор, падари маънавиям Лоиқ Шералӣ расидаам. 20-уми май зодрӯзи устод аст ва ман хостам дар ин рӯз, ки шоири миллат бояд 80-сола мешуданд, бо суруду таронаҳо аз эҷодиёти он кас, рӯҳашонро шод ва хотири ҳаводоронашонро болида созам, – мегӯяд Афзалшоҳ Шодиев

Гуфта мешавад, ки чунин консертҳо бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар, ки бар ашъори устод Лоиқ суруду тарона эҷод кардаанд, рӯзи 22-юми май дар шаҳри Хуҷанд ва 25-уми май дар шаҳри Панҷакент баргузор хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь