Хисороти офати табиие, ки рӯзҳои 11-12 майи соли ҷорӣ дар се ҷамоати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон омада буд, 21 миллион сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

21 май сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба ноҳияи Вахш сафари корӣ анҷом дода, аз рафти бартараф кардани зарари офати табиӣ ва бунёди манзилҳои нав дидан намуда, ёдовар шуданд, ки бояд дар муҳлати пешбинишуда корҳои сохтмонӣ ба анҷом расанд.

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов иттилоъ дод, ки дар натиҷаи офати табиӣ дар ноҳия 41 хона ба пуррагӣ аз офати табиӣ зарар дида, 38 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.

Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода аз дастгириҳои Сарвари давлат дар самти бунёди манзилҳои истиқоматӣ сухан карда, таъкид дошт, ки имрӯз обод намудани як гӯшаи Ватан қарзи виҷдонии ҳар сокини бонангу бономус аст.

Масъулини кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бартараф кардани зарари офати табиӣ масъулият нишон додаанд. Гуфта шуд, ки дар ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш хисорот аз офати табиӣ зиёда аз 11 миллион сомониро дарбар гирифта, дар ҷамоати  20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон зиёда аз 6 миллион ва дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат беш аз 4 миллион аст.

Таъкид гардид, ки дар навбати аввал таъмир ва барқарорсозии пули мошингузар, таъмини хати барқ ба роҳ монда шавад. Дар ин мавзеъ сохтмони муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар самти бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ соҳибкорони бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ҷалб гардида дар якҷоягӣ зарари аз офати табиӣ расида дар кутоҳтарин муҳлат бартараф хоҳад шуд, гуфтанд масъулин дар вохӯрӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь