Санҷиши ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳру ноҳияҳои вилояти дар панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 52 ҳолати фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 19 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти вилоят 189 миллиону 560 ҳазору 972 сомонӣ зарар расидааст.

Аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ  дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар натиҷаи ин офатҳо аксар заминҳои кишоварзии хоҷагии халқ зарар дидаанд, ки ин боиси кам ва паст гардидани ҳосил ва болоравии нархи маводи озуқаворӣ мегардад.

-Дар натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашудаи Раёстаи мазкур дар миқёси вилоят 315 мавзеъи хавфнок ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин мавзеъҳо 23 590 хоҷагӣ бо шумораи 156 504 нафар аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ мекунанд, – гуфтанд аз Раёстаи мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки аз инҳо дар минтақаи Бохтар 123 мавзеъ, иборат аз 8430 хоҷагӣ бо шумораи 55 ҳазору 557 нафар, минтақаи Кӯлоб 192 мавзеъ иборат аз 15160 хоҷагӣ бо шумораи 100 947 нафар, аз 315 мавзеъи хатарноки муайян карда шуда аз онҳо 233 мавзеи таҳти хатари сел, 59 мавзеи хавфи ярч, 17 мавзеи обхезӣ, 4 мавзеи эрозияи замин ва 2 мавзеи лағжиши заминро ташкил медиҳанд.

Тавре зикр гардид, офати бештар хатарнок дар миқёси вилоят сел ба ҳисоб рафта, мавсими рӯйдоди он аз моҳи март оғоз ёфта, то моҳи август идома меёбад.

Гуфта шуд, ки соли 2022 дар миқёси вилояти Хатлон 3 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиидошта, ки бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 28-июли соли 2022, №234 тасдиқ гардидаанд ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии зарар 799 ҳазору 530 сомониро ташкил дод.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки дар соли гузашта дар вилояти Хатлон ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенидошта 578 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи зарар 7 миллиону 240 ҳазору 313 сомониро ташкил дода, дар натиҷа 166 нафар ба ҳалокат расида, 295 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь