Қодирзода Озодамо мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ дар рафти озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва ҷоиза дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ шуд.

Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон хабар дод, 25-уми январи соли равон дар маҷлисгоҳи вазорат даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” ҷамъбаст гардид. Дар маросими ҷамъбастии озмун Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм, Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва довталабони озмун иштирок карданд.

Ҳайати ҳакамон аз рафти озмун натиҷагирӣ намуда, дар асоси талаботи Низомномаи озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” ғолиби даври ниҳоиро эълон карданд. Ҳамин тавр, Қодирзода Озодамо, мураббии муассисаи таҳсилоти томактаби хусусии”Оиша”-и ноҳияи Восеъ дар рафти озмун маҳорату малакаи хуби касбӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва ҷоиза гардид.

Ҳамчунин, ҳамаи довталабон барои иштироки фаъолона дар озмун бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, сертификат ширкат дар озмуни ҷумҳуриявӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаи пулӣ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун рӯзи 23-юми январ оғоз шуда, дар давоми се рӯз ширкаткунадагон аз руйи шаш шарт маҳорати худро санҷиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь