Китоби журналисти шинохта Ҷумъахон Сайидалӣ “Пири фалаксароён” бо мусоидати “Маркази дастгирии ташаббусҳо”-и назди ҷамоати Дашти Гулҳо, дар нашриёти “Адиб”, ба табъ расид.
Китоби мазкур ба 30-салогии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70-солагии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 40-солагии ҷамоати Дашти Гулҳо ва солгарди рӯзи таввалуди устод Одина Ҳошим бахшида шудааст.
Ҷумъахон Сайидалӣ бо як маҳорати хоса беназирии сарояндаи асри 20, нобиғаи олами мусиқӣ устод Одина Ҳошимро рӯи қалам овардааст. Аз китоб метавон бо саргузаштҳои устод Одина Ҳошим, хотираҳо бо дӯстону наздикон ва аҳли эҷод ошноӣ пайдо кард. Яке аз хусусиятҳои аҷиби ин китоб нисбат ба дигар китобҳое, ки дар бораи ин шахсияти фарҳангӣ ба чоп расидаанд, дар он аст, ки муаллиф аз лаҳзаҳои гуворову ногувори устод аз забони дӯстону наздикон ва ҳампешагону ҳаводорони шахсияти нотакрор, ба хонанда гуфтааст. Муаллиф тӯли 4 сол бо тамоми наздикону шахсоне, ки бо устод шиносоӣ ва рафтуо доштанд, суҳбат карда, ҳар лаҳзаи хотирмоне, ки устод гузаронидаанд, ҷамъ овардааст.
Китоб имкон медихад, ки дар қатори устод Одина Ҳошим аз зиндагии дигар шахсони номдор ошноӣ пайдо кард. Ҳунарманди маҳбуб Афзалшоҳ Шодӣ базмеро, ки дар он бузургоне чун Лоиқ Шералӣ ва Одина Ҳошим иштирок доштанд, чунин ёдоварӣ кардааст:
“Ҳамроҳи устод Лоиқ агар дурӯза ба Кулоб мерафтем, чор рӯз ё панҷ рӯз дар он ҷо мемондем. Ҳарчанд ба устод мегуфтам, ки охир корҳо дар Душанбе мондаанд, мегуфт: – Э бачам, базми мардуми Кӯлобро партофта рафта намешавад». Базму дастархонороӣ мекарданд. Бобои Одинаву Қурбон Зардак суруд ва устодон Ашӯр Сафар, Қутбию Лоиқ, Ҳакназар Ғоиб ва дигар бузургон шеърхонӣ мекарданд. Дар охир устод Одина тарафи ман ишора карда мегуфт, ки Афзалшоҳ якто гирад.
Пас аз ғазалхонии ман устод мегуфт:
– Ҳе, қандата зан Афзалшоҳҷон”.
Зиндагӣ аз шодиву ғам иборат аст, чун муаллиф натанҳо аз базму сурудхониву сайёҳатҳои устод, балки аз ғаму андӯҳу вазниниҳои ҳаёт, ки дунболгири ин шахсияти беҳамто буданд, бо эҳсоси баланд, зери сарлавҳаҳои “Одина Ҳошими “хоин”…”, “Камаз” барои қатли Одина Ҳошим ”, “Одина Ҳошимро паронед!!!”, тӯҳмату овозаҳои дурӯғи бар сари Одина Ҳошим омадаро ба пуррагӣ шарҳ додааст.
Пас аз марги Одина Ҳошим яке аз дӯстони наздики устод Ашӯр Сафар марсияе, бо номи “Дар сӯгвории устод Одина Ҳошим” навишта, беэҳтиромиро нисбат ба устод чунин тасвир кардааст:
…Дар ҳурмати ӯ ҷаҳди сазовор накардем,
Ҷуз ғайбати бисёр дигар кор накардем,
Шукри нигаҳи булбули гулзор накардем,
Ношукрии мо ба сари мо дарду бало шуд,
Аз бори ҷафо қомати мо чангу дуто шуд…
Китоби мазкур бо мақолае бо номи “Гаҳе зиндабузургон нашиносем…”-и худи муаллиф ба анҷом мерасад
Нозанини Исматшоҳ