Дар вилояти Суғд аз мусофирони як хатсайр, ки ба ҷониби Русия парвоз мекард, ба миқдори зиёд пул дарёфт гардидааст, ки бе ҳуҷҷатгузорӣ аз Тоҷикистон берун бурданӣ буданд. Дар ин бора маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар дод.

Санаи 16-уми октябри соли 2017 ҳангоми аз назорати гумрукӣ гузаронидани бағоҷ ва мусофирони хатсайри 2920 самти «ХуҷандКрасноярск» дар толори интизории мусофирони бинои марказии Фурудгоҳи байналмилаллии «Хуҷанд» кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бағоҷ ва бори дастии шаҳрванд М.Ш.,-ро аз муоинаи гумрукӣ гузарониданд. Дар натиҷа аз дохили бори дастии номбурда 110 адад купюраи 5000 (панҷ ҳазор) ва 4 адад купюраи 1000 (як ҳазор) рублии Бонки давлати Федератсияи Русия, ҷамъ 554000 (панҷсаду панҷоҳ ҳазор) рубли Бонки давлати Федератсия Русия дарёфт ва гирифта шудааст.

Инчунин, дар рафти гузаронидани амалиёт аз бори дастии мусофири хатсайри мазкур шаҳрванд Қ.М. ба миқдори 100 адад купюраи 5000 (панҷ ҳазор) дар маҷмуъ 500 000 (панҷсад ҳазор) рубли Бонки Федератсияи Русия дарёфт карда гирифта шуд, ки ин миқдор маблағро қабл аз сар шудани назорати гумрукӣ шаҳрванд М.Ш., ба Қ.М., бо мақсади тариқи қочоқ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Красноярский Федератсияи Русия интиқол додан, дода буд.

Мувофиқи маълумотномаи Филиали №38-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қурби рубли русӣ дар санаи 16-уми октябри соли 2017 арзиши 1 (як) рубли Бонки давлати Федератсияи Русия баробар ба пули миллӣ 0.1499 сомониро ташкил дода, арзиши умумии он 1054000 (як миллиону панҷову чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрвандон М.Ш., ва Қ.М. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 32 қисми 3 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеъияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь