Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шимоли кишвар пеши роҳи ворид шудани сӯзишвории бе ҳуҷчати гумрукиро ба вилоят гирифтаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов воситаи нақлиёти тамғаи «Камаз», рақами қайди давлатиаш 07 24 СС02 таҳти ронандагии шаҳрванд Е.О. қарор дошт, барои азназаргузаронӣ боздошта шудааст. Ҳангоми азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон муайян карда шуд, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд М.У. соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Сомониён тааллуқ дошта, номбурда ин миқдор молро аз ҳудуди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношинос, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст харидорӣ намуда, мехост беҳуҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ интиқол диҳад.

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М.У. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь